Ссылки доступа

Боздошти узбекистониҳое, ки мехостанд одамонро ба Амрико фиристанд


Ду сокини вилояти Андиҷони Узбекистон, ки ваъдаи расонидани дигарон ба Амрикоро тавассути Мексика додаанд, дастгир шуданд.

Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Узбекистон гуфт, маъмуронаш дар якҷоягӣ бо кормандони пулис шаҳрванд О.У.-ро ҳангоми гирифтани 15 ҳазор доллар аз як сокини маҳаллӣ дастгир карданд. О.У. гӯиё ваъда додааст, ки соҳиби пулро тавассути шиносҳояш дар хадамоти муҳоҷират ба Амрико мефиристад.

Дар доираи тафтиши ин парванда шаҳрванди дигари Узбекистон Н.М. ҳангоми гирифтани 6 ҳазор доллар аз О.У.- дастгир шудааст. Зидди боздоштшудаҳо бо гумони “Қаллобӣ” ва “Додани ришва” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Қаблан ду сокини ноҳияҳои Пастдарғом ва Каттақӯрғони Узбекистон низ бо иттиҳоми ҳамсон дастгир шуда будаанд. Онҳо ваъда додаанд, ки дар ивази 23 ҳазор доллар довталабонро тавассути Туркия, Арманистон ва Мексика ба ИМА мерасонанд. Онҳоро ҳангоми гирифтани 12 ҳазор доллар дастгир кардаанд.

Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд.

XS
SM
MD
LG