Ссылки доступа

Кишоварзони эътирозгари лаҳистонӣ гандуми мошинҳои борбари украиниро дар марз резониданд


Кишоварзони лаҳистонӣ қисме аз гандуми мошинҳои борбари украиниро дар марзи байни ду давлат резониданд. Пулиси маҳаллӣ тафтишро шуруъ кардааст. Мошинҳои боркаш ба Украина баргашаанд.

Ин ҳодиса субҳи 11 феврал дар гузарҳои "Ягодин-Дорогуск" рух дод, ки онҷо кишоварзон эътироз доир мекунанд. Пулиси маҳаллӣ гуфт, се мошини борбари украинӣ баъди тафтиши гумрукӣ вориди Лаҳистон шуданд.

"Иштирокдорони эътироз ба мошинҳои борбар иҷозаи ҳаракат надоданд ва дари пушти мошинҳои борбарро боз карданд, ки қисме аз гандум дар замин рехт. Ронандаҳо мошинҳоро сӯи Украина гардонданду рафтанд", - хабар дод пулис.

Ба гуфтаи пулис, "мақомот монеа эҷод накардаанд". Пулис тафтишро шуруъ кардааст. Афроде мушаххас карда мешаванд, ки дар ин ҳодиса иштирок доштанд.

Эътирози кишоварзони лаҳистонӣ аз тирамоҳи соли 2023 идома дорад. Рӯзи 9 феврал дар Лаҳистон эътирози сарторсарӣ эълом шуд. Кишоварзон роҳҳоро мебанданд. Дар марзи Украина бо Лаҳистон 1,3 ҳазор мошини борбар дар интизори убури марз қарор дорад, хабар дод намояндаи мақомоти гумруки Украина Андрей Демченко рӯзи 11 феврал.

Норизоии асосии эътирозгарон аз фароҳам овардани равуои бидуни визаи нақлиёт барои Украина аст. Ин маънои онро дорад, ки ронандагони мошинҳои боркаши Украина барои ворид шудан ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба иҷозатномаи махсус ниёз надоранд. Чунин созишномаро Иттиҳоди Аврупо бо Украина ба ҳамлаи густардаи Русия ба Украина имзо карданд. Ҳадаф аз ин созишнома пуштибонӣ аз иқтисоди Украина унвон шудааст. Хадамоти арзони боркашҳои Украина ба бозори Лаҳистон зарар овардааст.

XS
SM
MD
LG