Ссылки доступа

Олудагии ҳавои Тошканд 14,5 баробар бештар аз меъёр шудааст


Нисфирӯзии 12 феврал дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд олудагии ҳаво ба 14,5 баробар бештар аз меъёри тавсиявии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расидааст.

Бино ба нишондоди сомонаи IQAir (Live most polluted major city ranking), ин бор пойгоҳи назоратӣ дар Тошканд 160 AQI натиҷа нишон додааст. Айни замон Тошканд дар миёни шаҳрҳои олудатарини дунё дар мақоми 11 қарор дорад.

Дар ин рӯйхат шаҳри Кобули Афғонистон дар мақоми 9, пойхати Қазоқистон, шаҳри Остона дар мақоми 34, шаҳри Бишкек, пойхати Қирғизистон дар мақоми 48 қарор доранд.

XS
SM
MD
LG