Эътирозгарон бо барканории 20 корманд - узви иттифоқи касабаи мустақили корхона розӣ нестанд.
Яке аз корпартоён бо номи Бекболат ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ширкат аз рӯзи 10 феврал ба ин сӯ кор намекунанд.
Дар коршиканӣ кормандони узви иттифоқи касабаи мустақиле иштирок мекунанд, ки ҳудуди ду сол пеш таъсис ёфтааст. Онҳо дар муроҷиатномаи видеоии худ аз мақомот талаб карданд, ки ҳамкорони барканоршудаашон ба ҷойҳои кории худ барқарор карда шаванд.
Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳое ронда шудаанд, ки беҳсозии шароити кориро талаб мекарданд.
Раҳбарияти ширкат барканории кормандонро барои талабҳояшон рад мекунад.