Нашрияи маҳалии "Лада" бо истинод ба Департаменти экологияи Манғистау хабар дода, ки маҷмаа қонунгузории Қазоқистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ва олуда накардани ҳаворо нақз кардааст.
Ҳамчунин "Rixos Water World Aktau" вазифадор карда шудааст, ки пасобҳои худро бидуни полоиш ба кӯл сар надиҳад.
Дар маҷмааи "Rixos Water World Aktau" гуфтанд, дар ҳоли ҳозир наметавонанд дар ин бора изҳори назар кунанд ва ҳуқуқшиносони ширкат бо ин масъала машғул ҳастанд.
Меҳмонхонаи Rixos Aktau ба соҳибкори турк Фаттоҳ Таминҷӣ рабт дорад. Бино таҳқиқотҳои журналистӣ, Таминҷӣ яке аз тоҷирони сарватманди Қазоқистон аст ва бо президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев наздикӣ дорад.