Ссылки доступа

Парвандаи "Док-1": Аз додгоҳ хостанд, мудири пешини "Quramax" 20 сол зиндонӣ шавад


Айбдоркунандаи давлатӣ 12 феврал барои сардори пешини Оҷонси рушди саноати дорусозӣ ва собиқ раиси Маркази давлатии ташхис, стандартизатсияи маводи доруворӣ ва техникаҳои тиббӣ дар Узбекистон Сардор Қариев 18 соли зиндон талаб кардааст.

Барои муовинони пешини марказ А. А. ва М. Н. ҳам чунин ҷазо талаб карда шудааст. Додситон ҳамчунин хоста, ки айбдоршаванда аз ҳаққи ишғоли вазифаи раҳбарӣ ба муҳлати се сол маҳрум карда шаванд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои мудири пешини ширкати "Quramax Medikal" Рагвендра Пратар (Singh Ragvendra Pratar) 20 соли зиндон талаб кардааст.

Баррасии парвандаи доруи "Док-1 Макс", ки дасти кам 69 кӯдак баъди истеъмоли он ҷон бохт, 11 августи соли 2023 шуруъ гашт. Дар курсии айбдорӣ 23 кас, аз ҷумла сардори пешини Оҷонси рушди соҳаи дорусии Узбекистон ва мудири ширкати "Quramax Medikal" нишастаанд.

Баъди ҳалокати кудакон фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG