Додгоҳ шикояти Сембойро субҳи 13 феврал баррасӣ кард. Сембой аз 13 майи соли 2023 дар боздошт ва зиндон аст.
Вакили мудофеи Сембой гуфт, аз додгоҳ хостанд, ки ҳукми ин фаъолро бозбинӣ ва бекор созад.
Додситон гуфт, айби Сембой "комилан тасдиқ ва додгоҳи зинаи поёнӣ бо риояи ҳамаи талаботи қонун баргузор шудааст" ва ба ин далел ҳукм набояд бозбинӣ шавад.
Аскар Сембой 13 майи соли 2023 бо моддаи "ширкат дар созмоне, ки фаъолияташ манъ шудааст" ба ҳабс гирифта шуд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар саҳифаҳои Аскар Сембой дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" дида мешавад. Фаъолияти ин ҳаракат дар Қазоқистон манъ шудааст.
Тафтишот гуфта буд, Сембой дар навиштаҳояш "ҳукуматро бадном кардааст, ба фаъолиятҳои президенти Қазоқистон баҳои манфӣ додааст, сокинони Остонаро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват кардааст".
Вакили мудофеи Сембой гуфта буданд, хулосаҳои ташхиси додгоҳӣ хилофи ҳамдигар ҳастанд. Мақомот навиштаҳои Сембойро ташхис кардаанд.
Ба иттилои вакили мудофеъ, коршиносони бетараф дар навиштаҳои Сембой қонуншикание ошкор накарданд.