Ссылки доступа

Муҳлати ҷазои вазири пешини қазоқ дарозтар шуд


Муҳлати ҷазои Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ, ки бо ҷурми дуздии пулҳои буҷа аз озодӣ маҳрум аст, се соли дигар дароз карда шуд.

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон вазири пешинро дар кушиши додани пора ба маблағи махсусан калон айбдор донистааст. Дар натиҷа муҳлати ҷазои ӯ аз 8 то ба 11 сол дароз карда шудааст.

Дар доираи парвандаи нав ҳамсари Аристонбек Муҳаммадиулӣ - Галия Искакова низ бо ҷурми миёнаравӣ дар ришваситонӣ шаш моҳ ва вакили дифои ӯ Мустаҳим Тулеев бо иттиҳоми қаллобӣ 6 солу 8 моҳ зиндонӣ шудаанд.

Айбдоршудаҳо иттиҳом алайҳи худро рад карда, аз додгоҳ хостаанд, ки онҳоро "сафед кунад".

Муҳаммадиулӣ 28-уми майи соли 2022 бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа ҳабс ва моҳи июни имсол 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG