Ссылки доступа

Боздошти рӯзноманигорон дар Қирғизистон идома дорад


Вазорати умури дохилии Қирғизистон боздошти рӯзноманигори мустақил Алӣ Эргешевро тасдиқ кард.

Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ дода, ки Эргешев 13 феврал дар фурудгоҳи "манас"-и ин кишвар бо кумаки дурбинҳои чеҳрашинос шиносоӣ ва боздошт шудааст.

Дар вазорат гуфтанд, ки рӯзноманигори мустақилро бар асоси қарори додгоҳи шаҳри Ҷалолобод дастгир карданд.

Қаблан Эргешев дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм бо нашри аксу видео хабар дод, ки боздошт шудааст. Вай гуфт, қонунеро нақз накардааст ва боздошти ӯ ба фаъолияти касбияш рабт дорад.

Алӣ Эргешев муаллифи тарҳи "Эл билсин" дар YouTube аст. Ӯ вазъи беҳдоштӣ дар ошхонаҳо ва сатҳи хидматрасонӣ дар ниҳодҳои давлатиро ба навор гирифта, нашр мекунад. Саҳифааш наздик ба 130 ҳазор обуначӣ дорад.

Мақомоти Қирғизистон дар моҳи феврал ду рӯзноманигори дигар - Батмакан Жолболдуева ва Эрмек Аттокуровро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Пештар, дар моҳи январи имсол якбора 11 рӯзноманигор боздошт ва ҳабс шуда буд.

XS
SM
MD
LG