"Дар натиҷаи санҷиши силоҳдуздӣ бар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ чанд роҳбари пулиси шаҳри Алмато аз мақом барканор шуд", - омадааст дар хабар.
Ба ин тартиб, дар пулиси шаҳри Алмато афроди нав ба мақомҳои роҳбарӣ таъйин шудаанд.
Охири моҳи январ пулиси шаҳри Алмато хабар дода буд, силлоҳое, ки дар доираи парвандаи соли 2023 рӯёнида шуда буд, қисман нопадид шудааст. Дар пайи он парванда боз шуда буд. Гумонбарон боздошт ва ба ҳабс гирифта шудаанд.