Ссылки доступа

Як рӯзноманигорро дар Бухоро корд заданд


Ба хабарнигори хабаргузории узбекистонии Taftish.uz У.Т. дар вилояти Бухорои Узбекистон бо корд ҳамла кардаанд. Ҳамлагар боздошт ва ҳабс шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро рух додааст. Байни хабарнигор ва ошнои вай А.А. низоъ бархоста, дар натиҷа А.А. ба шиками У.Т. як корд задааст. Ҷабрдида айни замон дар бемористон табобат мешавад.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG