Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон ба хариди "Каромат бонк" бо арзиши 7 млрд сом иҷоза дод


Вакилони порлумони Қирғизистон ба девони вазирони он кишвар иҷоза доданд, ки "Каромат бонк"-ро харидорӣ кунад. Чунин қарорро порлумони Қирғизистон рӯзи 14 феврал қабул кард.

Бино ба тарҳи қонун, девони вазирони он кишвар 97,45% саҳмияҳои "Каромат бонк"-ро аз Бонки миллии Қирғизистон дар ивази 7 млрд 126 млн 432 ҳазор сом харидорӣ мекунад.

Достон Бекешев, як вакили порлумон зидди ин хариду фурӯш баромадааст. Вай гуфтааст, чаро ҳукумат барои маблағгузории бахши иҷтимоӣ маблағ надорад, вале бонки тиҷоратиро бо қимати 7 млрд сом мехарад.

Бонки миллии Қирғизистон соли 2018 саҳмияҳои "Каромат бонк"-ро харида буд. То он замон бонк "Бонки Сармоягузории Русия" ном дошт. Ин бонк соли 2019 дар вазорати адлияи Қирғизистон дубора сабти ном ва ба "Каромат бонк" табдили ном кард.

XS
SM
MD
LG