Ссылки доступа

Як фаъоли қазоқистонӣ аз зиндон озод шуд

Еркин Казиев, фаъоли шаҳрвандии Қазоқистон рӯзи 15 феврал аз зиндон озод шуд.

Ҷонибдорони Казиев барои мулоқоти вай пушти дари зиндон рафтанд, аммо дар нимароҳ хабар ёфтанд, ки Казиев аллакай озод шуда ва ба хонааш рафтааст.

"Эҳтимол кормандони зиндон нахостанд, ки одамон ҷамъ шаванд. Ӯро пеш аз муҳлат озод кардаанд", - гуфт Роза Кумакова, ҳамсари Казиев.

Додгоҳе дар Қазоқистон моҳи апрели соли гузашта Казиевро бо айби иштирок дар созмони фаъолияташ мамнуъ ва истифодаи хушунат нисбати намояндани давлат ду сол зиндон карда буд. Казиев ва тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ унвон карда буданд.

Казиевро 27 октябри соли 2022 боздошт карда буданд. Вай то замони боздошт шудан дар чанд гирдиҳамоии осоишта иштирок карда буд ва аз давлат озодии зиндониёни сиёсӣ ва қатъи таъқибҳо сиёсиро талаб мекард.

XS
SM
MD
LG