Вай гуфт, пулҳои нав намунаи соли 2023 ҳастанд.
"Расмҳои намояндагони санъат ва фарҳанг, ёдгориҳои кишвар дар пулҳо ҳифз шудаанд. Ранги асосӣ ва ҳаҷми пулҳои низ бе тағйир мондаанд", - гуфт Аттокуров.
Вай афзуд, ин дувумин марҳилаи таҷдиди пули миллии Қирғизистон аст. Марҳилаи аввал моҳи майи соли 2023 сурат гирифта буд ва он замон пулҳои 200, 500 ва 1000-сомии нав ба гардиш бароварда шуда буданд.
Қирғизистон ҳамоно пулҳои миллиашро дар хориҷ нашр мекунад. Мақомоти Қирғизистон талош доранд, ки нашри пули миллиро дар дохили кишварашон ба роҳ монанд. Дар ин бора президенти он кишвар Содир Ҷабборов тобистони соли 2023 хабар дода буд. Вале вай нагуфт, ки ин корро кай ба роҳ мемонанд.