Ссылки доступа

Баъди ҳарфҳои раиси донишгоҳе дар Тошканд Москав ба сафири Узбекистон эътирознома супорид


Шерзодхон Кудратходжа.
Шерзодхон Кудратходжа.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба сафорати Узбекистон дар Маскав номаи эътирозӣ супорид. Ин нома баъди суханони раиси Донишгоҳи рӯзноманигорӣ ва иртиботи оммавии Узбекистон дар бораи надонистани забони узбекӣ супорида шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, Маскав суханони раиси донишгоҳ Шерзодхон Қудратхоҷаевро "таҳқиркунанда ва ғайри қобили қабул" меҳисобад.

Қудратхоҷаев дар як мусоҳибааш нисбати узбекистониҳое, ки забони узбекиро намедонанд, аз қавли Карл Маркс гуфт, танҳо ду тоифа забони кишвари истиқоматашонро намедонанд - онҳо ё ғосиб ҳастанд ё аҳмақ.

"Бигзор онҳо худ хулоса кунанд, ки ғосиб ҳастанд ё аҳмақ", - гуфт Қудратхоҷаев дар мусоҳиба.

Дар эътирозномаи вазорати корҳои хориҷии Русия омадааст, ки "чунин изҳорот комилан хилофи муносибатҳои шарикии стратегӣ Русияву Узбекистон аст".

Мақомоти Узбекистон ҳанӯз изҳори назари Қудратхоҷаевро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG