Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон 26 иншооти марбут ба Матраимовро ҳабс карданд


Дар ноҳияи Қара-Сууи вилояти Ӯши Қирғизистон 26 иншооти марбут ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимовро ҳабс кардаанд.

Муҳаммадалӣ Мамашев, як мақомдори ноҳияи Қара-Суу гуфт, миёни иншооти ҳабсшуда масҷиди ба номи "Исмоил-ота" ва чойхонаи ҳамном, инчунин манзилҳо ва заминҳои аз давлат дарёфтшуда низ ҳастанд.

Иншооти ноҳияи Қара-Суу ягона иншооти ҳабсшудаи Матраимов нестанд. Пештар мақомоти амниятии Қирғизистон гуфта буданд, ки манзили Матраимов дар Ӯш низ ҳабс шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Матраимовро дар пайгард эълом кардааст. Маълум нест, Матраимов айни замон дар куҷо қарор дорад.

Ному насаби Райимбек Матраимов баъди он маъруф шуд, ки расонаҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо расонаҳои қирғизистонӣ дар бораи вай силсилаи таҳқиқотҳои рӯзноманигориро нашр карданд. Таҳқиқотҳо низоми фасодолудро дар мақомоти гумруки Қирғизистон дар солҳои 2015-2017 дар бар мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG