Ссылки доступа

Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Марат Жиланбоев тарки гуруснашинӣ кардааст


Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Марат Жиланбоев рӯзи 12 феврал гуруснашиниашро дар зиндон қатъ кардааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай хабар дод.

Меирҷон Доскараев, вакили мудофеъ гуфт, Жиланбоев ба далели вазъи сиҳатиаш гуруснашиниро қатъ кардааст.

Рӯзи 12 феврал гуруҳе аз ҷонибдорони Жиланбоев ба дидорбинии вай ба зиндон рафтанд, аммо иҷозаи дидорро пайдо накарданд. Танҳо ҳамсар ва духтари Жиланбоев тавонистанд, ки ӯро бинанд.

"Дар зиндон 21 рӯз гуруснашинӣ кардан худии ба худ қаҳрамонӣ аст. Ман комилан аз тасмими Жиланбоев ҷонибдорӣ мекунам. Сиҳатии худро қурбони режими кунунӣ кардан маъное надорад", - гуфт Амангелдӣ Ҷаҳин, ҳамсафи Жиланбоев.

Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев бо нишони эътироз аз бетағйир боқӣ гузоштани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом карда буд.

Дар ин бора Меирҷон Доскараев, вакили мудофеи Жиланбоев рӯзи 24 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буд.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 19 январ ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт.

Жиланбоев ва вакилони мудофеаш аз додгоҳ хоста буданд, ки ҳукми ӯро бозбинӣ кунад.

Пештар аз ин мақомоти 11 шаҳри Қазоқистон ба баргузории тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Жиланбоев иҷозат надодаанд.

Гуруҳи мониторингии "NotExtremists" хабар дода, ки фаъолони мадании шаҳрҳои Алмато, Остона, Чимкент, Уралск, Петропавловск, Костанай, Кокшетау, Оқтеппа, Семей, Қарағанда ва Павлодар ба дархости худ барои баргузор кардани тазоҳурот посухи рад гирифтаанд.

Фаъолони Қазоқистон мехостанд, 17 январ таҳти шиорҳои "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ" ва "Озодӣ ба Марат Жиланбоев" тазоҳуроти баргузор кунанд.

Мақомоти шаҳрҳои Қазоқистон бо далелҳои гуногун, аз ҷумла пешниҳод накардани маълумоти пурра, дер дархост кардан ва чорабиниҳои қаблии бидуни мувофиқа посухи рад додаанд.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 фаъоли сиёсии он кишвар Марат Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG