Дар навор дида мешавад, як дучархасавор, ки мехост аз роҳ гузарад зери чархи мошин мемонад. Ронанда ва вазири фарҳанги Узбекистон зуд аз мошин берун шуда, ба кумаки дучархасавор мешитобанд.
Дар Вазорати фарҳанги Узбекистон гуфтанд, ки ҳодиса 16 феврал дар шаҳри Қорасуи вилояти Андиҷон рух додааст. Озодбек Назарбеков дар доираи як сафари расмӣ дар онҷо қарор дошт.
"Ҷабрдидаро зуд ба бемористон бурда, ба ӯ ёрии фаврии тиббӣ расониданд. Табибон дар натиҷаи санҷиш муайян карданд, ки ба ҷони ҷабрдида ҳеч гуна хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Вазорат аз сокинони Узбекистон даъват кардааст, ки фарҳанги ронандагиро риоя кунанд.
Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Узбекистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.