Ссылки доступа

Қазоқистон воридоти тухми мурғро манъ карданист


Қазоқистон тасмим дорад, ки воридоти тухми мурғро аз кишварҳои севум ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) муваққатан манъ кунад.

Лоиҳаи фармон дар сомонаи "Открытые НПА" нашр шуда, то 1 марти имсол дар баррасии умум қарор хоҳад дошт.

"Воридоти тухми мурғ аз кишварҳои севум ва аъзои ИИАО тавассути мошин ба қаламрави Қазоқистон ба муҳлати 6 моҳ манъ карда мешавад", - иттилоъ додааст расонаи маҳаллии Informburo.kz.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 56,5 миллион сар мурғ мавҷуд аст, ки нисбат ба соли гузашта 13,8 дарсад зиёд мебошад.

Манбаъ афзуда, ки соли 2023 дар он кишвар 4,9 миллиард дона тухми мурғ истеҳсол шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви ИИАО ҳастанд.

XS
SM
MD
LG