Ссылки доступа

Маҳдудият дар кори нуқтаҳои фурӯши гази Узбекистон


Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар додааст, ки ба далели якбора сард шудани ҳаво дар кори нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ маҳдудияти кутоҳ ҷорӣ мешавад.

Дар вазорат гуфтанд, дар пайи поин рафтани ҳарорати ҳаво фишори газ дар хатҳои асосии лӯлаи газ коҳиш меёбад. Бинобар ин, ба хотири таъмини сокинон ва иншооти иҷтимоии Узбекистон бо газ кори нуқтаҳои фурӯш маҳдуд хоҳад шуд.

Ба ронандагон тавсия шудааст, ки то поёни давраи маҳдудият аз бензин истифода кунанд. Вазорат ваъда додааст, ки нуқтаҳои фурӯшро бо бензин таъмин мекунад.

“Аз истеъмолкунандагон даъват мекунем, ки то ҳадди имкон ва муътадил шудани вазъ сарфакор бошанд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.

XS
SM
MD
LG