Ссылки доступа

Дар Узбекистон мансабдорони пешини "педофил"-ро ба ҷои зиндон ба маҳбаси сукунатӣ фиристодаанд


Мансабдорони пешини Вазорати адлияи Узбекистон, ки барои таҷовузи духтарони ноболиғи ятимхона 3-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда буданд, на дар зиндон, балки дар маҳбаси сукунатӣ қарор доранд.

Дар ин бора раиси созмони ҳуқуқи башари "Эзгулик"-и Узбекистон Абдураҳмон Ташанов хабар додааст.

"Ба ибораи дигар, педофилҳоро ба ҷои равонаи зиндон кардан ба маҳбаси сукунатӣ фиристодаанд. Додрасҳои мо "ҳилагар" ҳастанд. Онҳо ҷомеаро мутмаин сохтанд, ки педофилҳо се солро дар зиндон мегузаронанд, вале маҳкумшудаҳо дар асл беш аз 2 сол мешавад, ки дар маҳбаси сукунатӣ қарор доранд ва аз шароити онҷо истифода мебаранд", - мегӯяд Ташанов.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи шаҳри Тошканд дар посух ба суоли Ташанов қарор доштани мансабдорони пешин дар маҳбаси сукунатиро тасдиқ карданд. "Онҳо ҷинояте содир накардаанд, ки ба ҷомеа хатари бузург дошта бошад", - гуфтаанд дар додгоҳ.

Додгоҳи ноҳияи Хиваи Узбекистон моҳи сентябри соли 2022 сардори Раёсати адлияи вилояти Хоразм ва сардори пешини ноҳияи Янгиариқро барои таҷовузи духтарони ноболиғ ба 1,5-солии маҳдудияти озодӣ маҳкум карда буд.

Додгоҳи зинаи шикоятии Узбекистон ҳукми мансабдоронро тағйир дода, онҳоро 3-солӣ зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG