Дар ин бора Фариза Норбекова, хоҳари Муродбой хабар дод.
Пештар додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли қарақалпоқистонӣ Оқилбек Муродбойро 40 шабонарӯз ҳабс кард.
Фариза Норбекова, хоҳари Оқилбек Муродбой ба нашрияи "Власть" гуфтааст, ки бародари ӯро пулис шоми 15 феврал дастгир кард.
Созмони "Freedom for Eurasia" мегӯяд, фаъоли қарақалпоқистониро бо дархости Тошканд дастгир карданд ва дар ҷараёни боздошташ корманди Вазорати умури дохилии Узбекистон Муҳаммаддин Боймурзоев низ ҳузур дошт.
Ба гуфтаи Норбекова, мурофиаи додгоҳии бародараш бидуни ҳузури вакили дифоъ баргузор шуда, Муродбойро аллакай ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд.
Мақомоти Узбакистон ӯро дар ҳамла ба сохти конститутсионии давлат ва “таҳия, нигаҳдорӣ, паҳн ё нашри маводе, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад” муттаҳам мекунанд. Худи фаъол ин иттиҳомро туҳмат медонад.