"Ман бо ҳамаи санадҳову хулосаҳои вакилони мудофеам розӣ ҳастам. Ман бовар дорам, ки айбдор нестам. Изҳор медорам, ки дар ҳеч кадом айби нисбати ман эъломшуда рафтори ҷиноӣ ва ё хунукназарии ҷиноӣ набуд", - гуфт вай.
Вай гуфт, ӯро айбдор мекунанд, ки дастур додааст, доруи "Док-1 Макс" санҷида нашавад.
"Чунин набуд ва ман чунин дастуре надодаам", - гуфт Сардор Қариев.
Бо назардошти ин вай аз додгоҳ хост, ки ӯро озод ва парвандаашро бекор созад.
Айбдоркунандаи давлатӣ 12 феврал барои Қариев 18 соли зиндон талаб карда буд.
Барои муовинони пешини марказ А. А. ва М. Н. ҳам чунин ҷазо талаб карда шудааст. Додситон ҳамчунин хоста, ки айбдоршаванда аз ҳаққи ишғоли вазифаи раҳбарӣ ба муҳлати се сол маҳрум карда шаванд.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои мудири пешини ширкати "Quramax Medikal" Рагвендра Пратар (Singh Ragvendra Pratar) 20 соли зиндон талаб кардааст.
Баррасии парвандаи доруи "Док-1 Макс", ки дасти кам 69 кӯдак баъди истеъмоли он ҷон бохт, 11 августи соли 2023 шуруъ гашт. Дар курсии айбдорӣ 23 кас, аз ҷумла сардори пешини Оҷонси рушди соҳаи дорусии Узбекистон ва мудири ширкати "Quramax Medikal" нишастаанд.
Баъди ҳалокати кудакон фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.