"Ҳукумати Қазоқистон ва СММ ахиран дар қароргоҳи созмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико барои шомил кардани посдорони сулҳ ба маъмурияти Нерӯҳои назоратии СММ дар баландиҳои Ҷулон ёддошти тафоҳуме ба имзо расониданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат, ки рӯзи сешанбе нашр шуд.
Дар вазорат гуфтанд, маъмурияти посдорони сулҳи Қазоқистон аз 139 низомӣ иборат буда, вазифаи онҳо “нигаҳ доштани низоми оташбас миёни ҷонибҳои даргир дар минтақа аст".
Қаблан мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки мехоҳанд дар ҳайати посдорони сулҳи СММ ба баландиҳои Ҷулон то 430 низомӣ фиристанд.
Баландиҳои Ҷулон минтақаест, ки дар марзи Сурия ва Исроил ҷойгир мебошад. Он баъди ба поён расидани ҷанги шашрӯза дар соли 1967 ба ихтиёри Исроил гузашт, аммо бештари кишварҳои ҷаҳон баландиҳоро ҷузъи қаламрави Исроил намеҳисобанд