"Ба сокинон маълумоти муҳим расонида шуд ва ба суоли онҳо мутахассисону раҳбари давлат посух доданд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон.
Дар маъмурияти президенти Қирғизистон гуфтанд, Ҷабборов дар ин мулоқот ҳамчунин дар бораи тағйироти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тарҳҳои сармоягузорӣ дар кишвараш суҳбат кардааст.
Кони "Қизил-Омпол" дар ноҳияи Тони Қирғизистон ҷойгир аст ва ширкати "ЮрОсиё" соли 2019 мехост аз он уран истихроҷ кунад, вале дар пайи эътирози сокинон аз тасмими худ даст кашид.
Ба гуфтаи сокинон, кон дар минтақаи сайёҳӣ ҷойгир буда, коркардаш ба бад шудани вазъи зистмуҳитии минтақа, коҳиши ҷаҳонгардон, афзоиши сатҳи бекорӣ сабаб хоҳад шуд.