Ба ин тартиб, дар асоси шартномаи 19 феврал Узбекистон аз Ҷопон 246,2 млн доллар қарз дарёфт хоҳад кард.
Қарзи мазкур ба муҳлати сӣ сол дода мешавад ва фоизи он 1,8 дарсадро дар бар мегирад.
"Ин маблағ барои ҳимоят аз ислоҳоти бахши иқтисод харҷ мешавад. Қисме аз маблағ барои кумак ба қишри осебпазири аҳолӣ равона хоҳад шуд", - омадааст дар хабари JICA.
Ба иттилои ин оҷонс, JICA аз соли 1993 то 2021 ба Узбекистон дар ҳаҷми 1,5 млрд доллар кумак расонидааст.