Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW дар шабакаи иҷтимоии "Х" (Твиттер) навишта, ки созмон аз баррасии тарҳи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" дар порлумони Қирғизистон ва боздошти 11 рӯзноманигори пешину кунунии тарҳи "Темиров LIVE" ҳам нигарон аст.
HRW қаблан ҳам аз вакилони порлумони Қирғизистон даъват карда буд, ки тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул накунанд ва қатъи таъқиби рӯзноманигоронро низ хостор шуда буд.
Ба назари созмон, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.
Мақомоти Қирғизистон танҳо дар моҳи феврал ду рӯзноманигор - Батмакан Жолболдуева ва Эрмек Аттокуровро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Пештар, дар моҳи январи имсол якбора 11 рӯзноманигори қирғизистонӣ ҳабс шуда буд.