Ссылки доступа

Барномаи кӯчонидани қазоқистониҳо аз ҷануб ба шимол натиҷа надодааст

Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев гуфт, барномаи кӯчонидани ихтиёрии сокинон аз ҷануб ба шимоли кишвар натиҷаи лозимиро надодааст.

"Бояд гуфт, яке аз таҳдидҳо боқӣ мондани нобаробарии иҷтимоӣ-демографӣ ва иқтисодӣ дар минтақаҳои Қазоқистон аст. Дар ҳоли ҳозир, шумори аҳолӣ дар минтақаҳои ҷанубиву шимолӣ ва шаҳрҳои бузург ба таври назаррас зиёд мешавад. Дар минтақаҳои шимолӣ, баръакс коҳиши теъдоди аҳолӣ ба назар мерасад. Бинобар ин, бояд эътироф кард, ки барномаи кӯчонидани сокинон натиҷаи лозимиро надодааст", - иқтибос овардааст нашрияи "Власть" аз суханони Ашимбоев.

Ӯ афзуд, тарҳи қонун дар бораи муҳоҷират, ки ҳоло дар Сенати Қазоқистон баррасӣ мешавад, мушкилро ҳал хоҳад кард.

Дар Қазоқистон аз соли 2017 барномаи кӯчонидани ихтиёрии сокинон аз ҷануб ба шимол мавриди иҷро қарор дорад ва дар давоми 5 соли ахир дар доираи он ҳазор хонавода кӯчонида шудааст.

XS
SM
MD
LG