Ссылки доступа

Маълумоти шахсии қазоқистониҳоро ҳакерҳои чинӣ дуздидаанд


Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои киберии Қазоқистон бар ин аст, ки нашри маълумоти шахсии қазоқистониҳо дар платформаи "GitHub" “натиҷаи амалҳои ғайрисистемавӣ ва бартарии манфиатҳои идоравӣ аз манфиатҳои давлатӣ мебошад".

Манбаъ гуфтааст, ҳакерҳои чинӣ аз нармафзори зараровари "троян" барои "Windows", "Mac", "iOS", "Android, хадамоти "DDoS" истифода кардаанд.

Ба иттилои марказ, як гурӯҳи ҳакерӣ ҳадди ақал беш аз ду сол ба зербиноиҳои муҳими операторони алоқаи Қазоқистон дастрасии комил доштааст. Гуруҳ аз ҷумла, давомнокии зангҳо, IMEI-ҳои дастгоҳҳо ва ҳисобкунии зангҳоро назорат мекардааст.

Дар миёни корхонаҳое, ки маълумоти онҳо ифшо шудааст, Бунёди ягонаи нафақа, маълумот дар бораи ширкати ҳавопаймоии "Air Astana" ва хадамоти почтаи Вазорати дифои Қазоқистон низ ҳастанд.

Дар Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои киберии Қазоқистон гуфтанд, маълумоти марбут ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла маъмурони Кумитаи амнияти миллии он кишвар низ ифшо шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон ахиран гуфтанд, дар "GitHub" маълумотишахсии зиёд нашр шуда, ки эҳтимол аз сӯи "I-Soon", ширкати чинии дастраскунандаи дастгоҳҳои амнияти киберӣ ҷамъоварӣ мешуд. Дар "GitHub" маълумот дар бораи муштариёни ширкатҳои "Beeline", "Tele-2" ва "Казахтелеком" ҳам нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG