Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ду қазоқистониро аз ғуломӣ наҷот доданд


Ду қазоқистонӣ аз ғуломӣ дар Тайланд наҷот дода шудаанд. Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров рӯзи 21 феврал хабар дод.

Вай гуфт, охири моҳи гузашта хабар ёфтанд, ки як шаҳрванди Қазоқистон дар минтақаи маъруф ба Секунҷаи тилоӣ дар ғуломии меҳнатӣ қарор дорад. Вай аз консули Қазоқистон дар Тайланд кумак хостааст.

"Бо кумаки мақомоти маҳаллӣ муайян шуд, ки ду шаҳрванди Қазоқистон дар ғуломӣ қарор доранд. Мо ҳамаи талошро кардем ва дар давоми як моҳ гуфтугӯ доштем. Дар ниҳоят онҳо озод карда шуданд", - гуфт Смадияров.

Вай гуфт, ду шаҳрванди Қазоқистон, ки ҳарду зан ҳастанд, дар хабарҳо дар бораи ғуломӣ дар он минтақа хонда буданд, аммо фирефтаи ваъдаи маоши баланд шудаанд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Қазоқистон, дар ду соли охир наздики 200 шаҳрванди Қазоқистон дар Тайланд ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG