Ссылки доступа

Раҳмон ба Путин: “Ҳамааш хуб мешавад”

Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, нимаи дувуми 21 феврал дар шаҳри Қазон дидору гуфтугу карданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 21 феврал хабар дод, ки “дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба ва баъзе аз масоили байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шудааст”.

Расонаҳои Русия, аз ҷумла “ura.news” навиштанд, ин мулоқот ҳамагӣ "ду дақиқа давом кард". Дар навори видеоие, ки шабакаҳои расмии Русия нашр карданд, Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин “асабҳои оҳанӣ” хостааст. Аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин барои даъват изҳори сипос карда, барои ӯ дар ҳамаи кораш муваффақият, саломатии бардавом ва асабҳои қавӣ хостааст.

“Ҳамааш хуб мешавад”, - мегӯяд раисиҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Русия. Маълум нест, ки ин ҳарфҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кадом маъно гуфта шудааст, вале раисиҷумҳури Русия табассум карда, ба ҳамтоаш ташаккур мегӯяд.

Роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон,у Сербистон ва Русия рӯзи 21-уми феврал барои анҷоми мулоқоти корӣ ва иштирок дар ифтитоҳи мусобиқаи “Бозиҳои оянда” дар шаҳри Қазони Тотористон гирди ҳам омаданд.

Ин нахустин сафари берун аз Маскави раисиҷумҳури Русия пас аз марги Алексей Навалний, мухолифи рус гуфта мешавад

XS
SM
MD
LG