Ссылки доступа

Тошканд ду рӯз дар садри рӯйхати шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво буд


Рӯзи панҷшанбеи 22 феврал Тошканд дубора дар рӯйхати шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво дар садр қарор гирифт.

Ба иттилои пойгоҳи IQAir, олудагии ҳавои Тошканд 22 феврал 19,9 маротиба бештар аз меъёре буд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия додааст.

Баъд аз Тошканд дар мақомҳои дувум ва севум дар ин рӯйхат шаҳри Деҳлии Ҳинд ва Лоҳури Покистон қарор гирифтанд.

Аз миёни пойтахтҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ Остонаи Қазоқистон дар мақоми 9 ва Бишкеки Қирғизистон дар мақоми 19 қарор доштанд.

Рӯзи 21 феврал низ Тошканд дар мақоми аввали рӯйхати шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG