Ссылки доступа

Узбекистониҳоро аз олудашавии ҳаво огаҳ мекунанд


Мақомоти Узбекистон аз 1 март сокинонро аз ҳавои пурчангу хок ва аз меъёр зиёд шудани олудагии ҳаво огоҳ мекунанд.

Ин нукта дар Барномаи давлатии иҷрои Стратегияи “Узбекистон-2030” дар соли 2024, ки 21 феврал бо фармони раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расид, зикр шудааст.

Ҳамчунин дар бораи чораҳои зарурии пешгирикунанда барои шахсони гирифтор ба бемориҳои дилу раг, роҳҳои нафас ва шахсони дигаре, ки олудшавии ҳаво ба саломатии онҳо зарар мерасонад, пайваста маълумот пешниҳод карда мешавад.

Ин иқдом дар ҳолест, ки пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд чанд соли ахир ба гуруҳи шаҳрҳое шомил мешавад, ки олудатарин ҳаворо дар ҷаҳон доранд.

Шохиси сифати ҳаво (IQAir) 14 декабри соли гузашта Тошкандро севумин шаҳре дар ҷаҳон номид, ки олудатарин ҳаворо дорад. Он замон шаҳри Деҳлӣ (270 AQI) дар мақоми аввал ва шаҳри Лоҳури Покистон (262 AQI) дар мақоми дувум қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG