Ссылки доступа

Қирғизистон муҳлати даъво барои фасодкорӣ ва қаллобиро бекор кард


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷиноии ин кишварро имзо кард.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки бар асоси тағйиру иловаҳо, муҳлати даъво барои як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла фасодкориву қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон, узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, тасарруф ё азхудкунии пулҳои буҷа ба маблағи калонро бекор мекунад.

Қирғизистон соли 2023 дар раддабандии созмони "Transparency International" (Шаффофияти Байнулмилал), ки сатҳи фасодкорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро баррасӣ мекунад, мавқеи худро тағйир дода, аз 141-ум ба зинаи 180-ум поин рафтааст.

Вазорати молияи Қирғизистон ҳам гуфта буд, ки аз соли 2020 то соли 2023 ба буҷаи ин кишвар аз ҳисоби ҷуброни зарар дар доираи парвандаҳои фасодкорӣ беш аз $174 миллион ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG