Ссылки доступа

Ҳукми гумонбарони парвандаи "Док-1 Макс" имрӯз эълом мешавад


Ҳукми додгоҳ дар доираи парвандаи марги қариб 70 кӯдак аз доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон 26 феврал эълом мешавад.

Баррасии парвандаи доруи "Док-1 Макс", ки дасти кам 69 кӯдак баъди истеъмоли он ҷон бохт, 11 августи соли 2023 шуруъ гашт. Дар курсии айбдорӣ 23 кас, аз ҷумла сардори пешини Оҷонси рушди соҳаи дорусии Узбекистон ва мудири ширкати "Quramax Medikal" нишастаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ 12 феврал барои мудири пешини Оҷонси рушди бахши дорусозии Узбекистон Сардор Қариев 18 соли зиндон талаб кард. Худи Қариев дар додгоҳ гуфт, ӯро айбдор мекунанд, ки дастур додааст, доруи "Док-1 Макс" санҷида нашавад. "Чунин набуд ва ман чунин дастуре надодаам", - изҳор дошт вай.

Барои муовинони пешини марказ А. А. ва М. Н. ҳам чунин ҷазо талаб карда шудааст. Додситон ҳамчунин хоста, ки айбдоршавандаҳо аз ҳаққи ишғоли вазифаи раҳбарӣ ба муҳлати се сол маҳрум карда шаванд.

Додситон барои мудири пешини ширкати "Quramax Medikal" Рагвендра Пратар (Singh Ragvendra Pratar) 20 соли зиндон талаб кардааст.

Баъди ҳалокати кудакон фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG