"Иштирок мекунам. Ба онҳо бигӯед, ки иштирок мекунам!" — посух додааст Лукашенко ба суол дар бораи он ки оё ӯ дар интихоботи президентии навбатии Белорус иштирок хоҳад кард, ё не. Манзури ӯ аз "онҳо" мухолифони Белорус буд, ки дар хориҷ ба сар мебаранд.
"Ҳар қадаре вазъ душвор бошад, ҳар қадаре онҳо дар нороҳат кардани ҷомеа фаъол бошанд, ҳар қадаре онҳо мову шумо ва ҷомеаро фишор оранд, ман ҳамон қадар зудтар дар нтихобот иштирок мекунам", - иқтибос овардааст Хабаргузории расмии БелТА аз суханони Лукашенко.
Александр Лукашенко рӯзи якшанбе дар интихоботи палатаи поёнии порлумони Белорус иштирок кард. Раҳбари мухолифони Белорус Светлана Тихановская ба таҳрими интихобот даъват кард. Бахши белорусии Радиои Озодӣ навишта, ки интихобот дар пайи таъқибҳои густарда сурат мегирад. Дар ин раъйгирӣ нозирони байналмилалӣ ва номзадҳои мухолиф иштирок намекунанд.
Лукашенко, ки имсол 70-сола мешавад, 30 сол боз қудратро дар даст дорад.