Ссылки доступа

Ба фаъоли қарақалпоқистонӣ шаҳодатномаи ҷӯяндаи паноҳандагии Қазоқистонро додаанд


Роҳбари ҷамъияти қарақалпоқҳо дар Қазоқистон Оқилбек Муродов, ки айни замон дар Алмато дар ҳабс аст, соҳиби шаҳодатномаи ҷӯяндаи паноҳандагӣ дар Қазоқистон шудааст. Дар ин бора хоҳари вай Фариза Норбекова хабар дод.

Ба гуфтаи Норбекова, раёсати ҳамоҳангсозии шуғл ва барномаҳои шаҳри Алмато рӯзи 23 феврал тасмим гирифтааст, ки ба Оқилбек Муродов шаҳодатномаи ҷӯяндаи паноҳандагиро дар Қазоқистон диҳад.

"Бино ба қонунгузории Қазоқистон, афроде ки ин санадро доранд, набояд аз Қазоқистон истирдод шаванд. Дар асоси ҳамин санад имкон дорад, ки ба Муродов дар Қазоқистон паноҳандагӣ диҳанд. Инро комисияи иборат аз намояндагони мақомоти қудратӣ ҳал мекунанд", - гуфтааст вакили мудофеи Муродов ба хоҳари ин фаъоли қарақалпоқистонӣ.

Пештар расонаҳо навиштанд, зидди Оқилбек Муродов барои ташкили гирдиҳамоӣ бахшида ба ҳаводиси Нуқус ва нашри видеои суханронии ҳамватанаш Қошқарбой Торемуратов дар конфронси САҲА айб эълом шудааст.

Фариза Норбекова, хоҳари Муродов аз қавли вакили дифои бародараш хабар дода, ки мақомоти Узбекистон гирдиҳамоӣ бахшида ба ҳаводиси шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистонро "даъват ба бетартибии оммавӣ" номидаанд.

Ҳамчунин нашри видеои суханронии Торемуратов дар конфронси Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро дар моҳи октябри соли 2023 "паҳн кардани маводе шумурдаанд, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад.

Фариза Норбекова ба нашрияи "Власть" гуфта буд, ки бародари ӯро пулис шоми 15 феврал дастгир кард.

XS
SM
MD
LG