Вазири пешинро дар "Азият додан" ва "Куштори махсусан бераҳмона" айбдор мекунанд.
Нисбати гумонбари дигари ин парванда, мудири як муассисаи пизишкӣ дар Қазоқистон, ки ҳамзамон хеши вазири пешин аст, бо моддаҳои "Пинҳонкорӣ" ва "Хабар надодан дар бораи ҷиноят" айб эълом шудааст.
Бишимбоевро додгоҳе дар шаҳри Остона 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.
Пештар Бишимбоев танҳо бо моддаи "Куштор" айбдор мешуд.
Бино ба хабарҳои ибтидоӣ, Салтанат Нукеноваи 31-сола дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.
Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоем айбҳои эълоншударо рад кард.
Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.