Додгоҳ дар ин бора рӯзи 22 феврал қарор содир кардааст.
Қамчибек Жолдошбоевро рӯзи 21 феврал бо гумони напардохтани андоз ва қаллобӣ боздошт карданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар гуфт, дар бораи напардохтани андоз ва қаллобии Жолдошбоев далел дорад. Ин парванда ба фаъолияти Жолдошбоев дар давраи роҳбарияш дар маркази тиҷории "Беш-Сарӣ" дар бозори Ӯши шаҳри Бишкек рабт дорад.
Жолдошбоев ду дафъа - даъвати севум ва панҷум - дар порлумони Қирғизистон вакил буд. Вай соли 2021 бори дигар номзад шуд, аммо Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон ӯро дар харидани овози сокинон гумонбар ва номзадиашро сабт накард.