Дар хадамоти матбуотии додгоҳи вилояти Қашқадарё гуфтанд, маъмурони пулис блогерро барои таҳияи як мавод боздошт карданд.
Аммо дақиқ нагуфтанд, ки Сафарбоев барои кадом навораш дастгир гаштааст. Блогер дар шабакаи "YouTube" ва "TikTok", ки беш аз 629 ҳазор обуначӣ дорад, наворҳои ҳангомабарангез нашр мекард.
Дар додгоҳ танҳо гуфтанд, ки Сафарбоев ба "майдаавбошӣ", "таҳия, нигоҳдорӣ ё паҳн кардани маводи тарғибкунандаи бадбинии миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва динӣ" айбдор дониста шудааст.