Ссылки доступа

Корпартоии қирғизистониҳо дар Екатеринбург ба далели гароншавии иҷораи дӯконҳо


Екатеринбург
Екатеринбург

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия фурӯшандаҳои маркази савдои "Пекин" ба далели гароншавии иҷораи дӯконҳо корпартоӣ карданд. Қирғизистониҳо рӯзи 26 феврал ба ин иқдом пайвастаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, фурӯшандаҳои эътирозгар зидди 20-30% гарон шудани иҷораи дӯконҳо ҳастанд. Қарор аст, иҷора аз моҳи март боло равад. Дар маркази тиҷорӣ гуфтанд, ба далели боло рафтани тарофаҳои хидматрасониҳои коммуналӣ иҷораро боло мебаранд.

Дар консулгарии Қирғизистон дар Екатеринбург ваъда додаанд, ки бо роҳбарияти маркази тиҷорӣ гуфтугӯ мекунанд.

Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон мегӯяд, айни замон бештар аз 651 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар хориҷ муҳоҷир ҳастанд. Бештари онҳо - наздики 410 ҳазор дар Русия муҳоҷир ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон як сол пеш гуфта буданд, 1 млн 118 ҳазор қирғизистонӣ дар хориҷ муҳоҷир ҳастанд.

XS
SM
MD
LG