Ссылки доступа

Саудӣ зоирони бе иҷозатномаро дар ҳаҷ "беш аз $13 ҳазор" ҷарима мебандад


Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, шахсонеро, ки бе иҷозатнома дар маросими Ҳаҷ-2024 иштирок мекунанд, "ҷаримаҳои сангин ва ҳабс" интизор аст.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълом кард, дар сурате ки шаҳрвандони кишварҳои дигар ва сокинони хориҷии муқими ин кишвар бе иҷозатнома дар маросими ҳаҷҷи имсола иштирок кунанд, 50 ҳазор риёли Саудӣ, баробар ба 13 ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд.

Бар асоси хабари ин вазорат, афроде ҳам, ки бе иҷозатнома дар ҳоли ҷобаҷойи зоирон боздошт шаванд, то 50 ҳазор риёли саудӣ ҷаримаи нақдӣ хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, дар сурати маҳкум шудан ба ҷаримаҳои гуфташуда, пас аз гузаронидани шаш моҳ ҳабс, аз Арабистони Саудӣ ронда хоҳанд шуд ва ба муддати 10 сол ҳаққи даромадан ба ин кишварро нахоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, Додсистонии Арабистони Саудӣ ба зоирони ширкаткунанда дар маросими ҳаҷҷи имсола дар бораи ширкат дар бораи фаъолиятҳои "ғайриқонунии кумакҳои молӣ" ҳушдор дод.

Бар асоси эълони додситонии ин кишвар, поймолкунандаҳои муқаррарот бо ҷазоҳои сахт, аз ҷумла ҳафт сол зиндон ва ҷаримаи нақдии то панҷ миллион риёли саудӣ ё эҳтимол ҳар дуи ин ҷазоҳо маҳкум хоҳанд шуд.

Арабистони Саудӣ пеш аз ин низ афродеро, ки бе иҷозатнома дар маросими ҳаҷ иштирок мекарданд, ба пардохти ҷарима ва ҳабс маҳкум мекард, аммо ҷазоҳои гузашта дар муқоиса бо қонуни нав бисёр сабуктар буд.

Маросими ҳаҷҷи соли 2024 дар нимаи дувуми моҳи июн баргузор хоҳад шуд. Бар асоси эълони ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар мераванд.

Қаблан нархи он барои як нафар беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шуда буд. Арзиши имсолаи он ҳанӯз маълум нест. Сокинон ҳар дафъа аз монополия ва монеаҳо дар роҳи сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ шикоят мекунанд. Бархе барои адои ҳаҷҷи умра тавассути Русия ва Узбекистон мераванд.

XS
SM
MD
LG