Вай гуфт, дар Осиёи Марказӣ бештар аз 100 "созмони бузурги ғайридавлатии ғарбӣ" фаъолият мекунад, ки бештар аз 16 ҳазор намояндагӣ ва бахш доранд.
"Дар пасманзари амалиёти махсуси низомӣ ин СҶ бо ҳадафи поён бурдани ҳамкориҳои низомиву техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия фаъолиятҳои зиддирусиягии худро афзоиш додаанд. Чораҳои дорои хосияти пешгирикунанда меандешем", - гуфт Шойгу бе ном бурдани он чораҳо.
Дар Русия бештар аз 10 сол аст, ки қонуни маъруф ба "агентҳои хориҷӣ" амал мекунад. Ин қонун ба вазорати адлияи Русия имкон медиҳад, ки СҶ-еро "агенти хориҷӣ" эътироф кунад, ки агар он аз хориҷ маблағгузорӣ шаванд ва фаъолияти сиёсӣ анҷом диҳанд. Ин қонун ба мақомоти Русия имкон дод, созмонҳоеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар бахши фарҳанг, омӯзиш, тандурустӣ, муҳити зист ва ҳифзи ҳуқуқи инсон кор мекунанд. Дар натиҷа бисёре аз СҶ-ҳо дар Русия баста шуданд ва ё фаъолияташонро маҳдуд карданд.