Ссылки доступа

Хабарҳоро дар радиоҳои давлатии Қирғизистон муҷриҳои рақамӣ мехондаанд


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфтааст, дар радиоҳои давлатии ин кишвар истифодаи муҷриҳои рақамиро шуруъ кардаанд.

Дар ин бора Жапаров форуми "Digital Kyrgyzstan" хабар додааст, вале нагуфтааст, ки дар кадом радиои давлатӣ хабарҳоро муҷриҳои рақамӣ мехонанд.

Вай зимни баррасии масъалаи рушди зеҳни сунъӣ ёдовар шуд, ки мақомоти Қирғизистон соли 2023 компютери бузурги "NVIDIA"-ро барои коркарди маълумот ба забони қирғизӣ харидорӣ кардаанд.

Қаблан раҳбари чанд ниҳоди давлатии Қирғизистон эълом карда буданд, ки зеҳни сунъӣ дар кори идораҳои зери раҳбарияшон истифода мешавад.

Аз ҷумла, худи раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки истифодаи зеҳни сунъиро ҳангоми ҳисоби андоз шуруъ карданд.

Дар маъмурияти президенти Қирғизистон як сол пеш компютери бузурги "NVIDIA" барои коркарди маълумот ба забони қирғизӣ рӯнамоӣ шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки зеҳни сунъӣ забони қирғизиро истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG