Ссылки доступа

Ғозималики рӯзҳои ҷанг. 12 сол ҳабс барои қатли 22 узви як оила


Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст
Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст

Як сокини вилояти Хатлонро ба гуноҳи куштор дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.  

Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командир, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила даст дошт. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.

Ба нақли яке аз ширкатдорони мурофиа, Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов дар сухани охирин дар додгоҳ гуфтааст, ҳамроҳи силоҳдорон дар ҷойи ҳодиса буд, аммо касеро накушт. Пайвандони қурбониён ҳукмро "сабук" дониста, бозбинии онро талаб доранд.

Ҳукмро додраси Додгоҳи шаҳри Бохтар, Наҷмиддин Садриддинзода, рӯзи 23-юми феврали имсол содир кард. Тибқи он, Юсуф Солиҳов ҷазоро дар зиндони низомаш сангин мегузаронад.

Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиётро рӯзи 28-уми феврал дастрас кард. Яке аз манобеи огоҳ гуфт, "Солиҳов бар асоси банди 104 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштани ду нафар ё аз он бештар гунаҳкор дониста шуд. Пештар додситон ба ӯ 15 сол зиндон талаб кард."

Солиҳовро дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон аз он вақт то ҳоло дар бораи ҳодиса ҳарфе нагуфтаанд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишта буд, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

“Ҳадафи онҳо ғоратгарӣ ва азхудкунии моликият будааст. Пас аз қатли аъзои хонавода, гурӯҳи Солиҳов ҷасадҳоро бензин рехта, бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд,” – иттилоъ дода буд Додситонии кулли Русия.

Яке аз онҳое, ки дар ин ҳодиса зинда мондааст, Бахтовар Абдуллоев аст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он замон ҳамагӣ 11 сол дошт.

"Нуҳ мард ва сездаҳ зан, аз ҷумла хоҳаронам, модар ва бибиямро куштанд. Қурбониён аз 10 то 55 сол доштанд. Аммаам, Бибихол, зинда монд,” -- нақл кард Бахтовар Абдуллоев. Вай рӯйхати пурраи кушташудаҳоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Кӯшиши мо барои суҳбат бо наздикони Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов то ин дам натиҷа надод. Ба иттилои Бахтовар Абдуллоев, худи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, “ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт”.

“Додрас аз Юсуф Солиҳов пурсид, ки чаро пеши роҳи дигаронро нагирифт ва касеро наҷот надод, дар посух “намедонам” гуфт,” – нақл кард Бахтовар Абдуллоев.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.

XS
SM
MD
LG