Ссылки доступа

Фаъолияти "Контакт"-ро дар Тоҷикистон қатъ кардаанд


Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти "Контакт", як низоми интиқоли пул, дар кишвар қатъ шуд.

Муҳоҷирон аз он зиёд истифода мебурданд ва ҳоло мушкили пардохт ва бозпас гирифтани маблағҳои фиристода пеш омадааст.

Бонки Миллӣ рӯзи 28-уми феврал бо нашри баёнияе гуфт, сабаби мушкилот амри Бонки Марказии Русия аст, ки иҷозаномаи “Киви Бонк”, соҳиби “Контакт”-ро пас гирифт.

Ба сабаби ин қарор “фаъолияти низоми пардохтии “Контакт” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст”.

Ин ниҳоди молии Тоҷикистон гуфтааст, бо масъулони “Контакт” дар тамос аст, то пули онҳоеро, ки банд мондааст, ба соҳибонашон баргардонанд ё ба наздиконашон бидиҳанд.

Қисме аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар бо истифода аз “Контакт” ба азизонашон дар Тоҷикистон пул мефиристоданд.

XS
SM
MD
LG