Ссылки доступа

Сохтмони шаҳри Асман дар Қирғизистон моҳи май шуруъ мешавад


Проект города Асман
Проект города Асман

Канибек Туманбоев, як мақомдори дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар дод, сохтмони шаҳри нави Асман дар он кишвар моҳи майи соли ҷорӣ шуруъ мешавад.

Вай хабарҳоро дар бораи қатъи ин тарҳ рад кард.

"Масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ бе таваққуф давом карданд. Сармоягузорон пешниҳод карданд, ки асосноксозии иқтисодиву техникӣ коркард шавад, аз ҳамин хотир корҳо ҳоло дар ин самт идома доранд ва дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд. Шуруъ аз моҳи май сохтмони шаҳри Асман оғоз мешавад", - гуфт Туманбоев.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон сохтмони шаҳри Асманро тобистони соли 2023 асос гузошта буд. Ҷабборов ҳадаф аз сохтмони ин шаҳрро рушди сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузории Қирғизистон номид.

Майдони шаҳри Асман аз 4 ҳазор га иборат аст. Шаҳри нав барои 500-700 ҳазор сокин пешбинӣ шудааст. Ин шаҳр давоми 7-10 сол дар соҳили шимолии Иссиқкӯл сохта мешавад.

Дар сохтмони ин шаҳр, бино ба ҳисобҳои пешакӣ, то 20 млрд доллар харҷ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG