Ссылки доступа

Ҳалокати 6 узви як хонавода аз дуди ангишт дар Душанбе


Похороны погибшей от угарного газа семьи в Душанбе
Похороны погибшей от угарного газа семьи в Душанбе

Шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 27-уми феврал дар маҳаллаи маъруф ба "Гранзавод"-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух додаааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон субҳи 29-уми феврал ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба иттилои КҲФ, шаш узви як хонавода -- падар, модар ва 4 фарзанди онҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин афрод шабона заҳролуд шуда, вале соатҳои тақрибан 11-и рӯзи 28-уми феврал ҳамсояҳо аз ин фоҷеа огоҳ шудаанд. Тибқи маълумоте, ки Радиои Озодӣ ба даст овард, ин афрод фавран ба Беморхонаи "Истиқлол" интиқол дода мешаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз маросими ҷанозаи ин хонавода чарх мезанад. Гуфта мешавад, ки қурбониёни ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе ба хок супорида шуданд.

Тафсилоти бештар дар бораи ҳодиса то кунун дар даст нест.

Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе мавридҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.

Рӯзҳои ахир Тоҷикистонро ҳавои сард фаро гирифтааст ва сокинон мегӯянд, ки дар ин рӯзҳо барқи онҳо хомӯш карда мешавад ва маҷбур ҳастанд бо ҳар роҳе хонаҳои худро гарм кунанд.

“Лимит” ва камбуди барқ аз мушкилиҳои асосӣ барои сокинон дар тирамоҳу зимистон аст. Сокинони деҳаҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи сентябр ба таври маҳдуд барқ мегиранд. Ин мушкил имсол ба Душанбе ҳам кӯчид.

Тоҷикистон бо вуҷуди захираҳои бузурги обӣ натавонистааст камбуди барқро аз байн барад. Мақомот айбро ба кам будани бориш рабт медиҳанд. Бархе сабабро фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя медонанд.

XS
SM
MD
LG