Ссылки доступа

Марги як донишҷӯи ҳиндӣ дар Узбекистон


Студент из Индии Навас Насмел
Студент из Индии Навас Насмел

Дар Донишкадаи тиббии Бухорои Узбекистон рӯзи 28 феврал донишҷӯи ҳиндие фавтидааст.

Ба иттилои донишгоҳ, вазъи донишҷӯ дар хобгоҳ бад шуда, вай якбора таб кардааст. Ӯро ба беморхона интиқол додаанд ва дар беморхона фавтидааст.

Роҳбарияти донишкада сафорати Ҳиндро дар Узбекистон дар ин бора хабар додааст.

Бино ба ташхиси ибтидоӣ, мумкин аст, донишҷӯ аз пневмония ё иллати шушҳо фавтида бошад.

XS
SM
MD
LG