Ба гуфтаи рӯзноманигорони хабаргузорӣ, додгоҳи Бишкек 29 феврал қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳрро, ки дар асоси он дари коргоҳашон муҳр зада шудааст, бетағйир боқӣ гузошт.
Вакили дифои хабаргузорӣ Нурбек Сидиқов дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон гуфта нашудааст, ки дари коргоҳ бояд муҳр зада шавад. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ баъди бозҷӯӣ ҳамаи ашёи лозимиро бо худ бурданд ва фаъолияти расона ҳоло манъ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, баста будани дари коргоҳ кори расонаро мушкил кардааст.
Қаблан додгоҳи ноҳияи Якуми май ҳам шикояти хабаргузории "24.kg"-ро рад карда буд.
Вакилони дифои "24.kg" аз додгоҳ хоста буданд, то амали муфаттишон, ки рӯзноманигоронро ҳангоми бозҷӯии коргоҳи расона ба дохил роҳ надоданд, фаъолияти онҳоро манъ карда, ҳамчунин хостанд, маълумот дар ин заминаро ифшо накунанд, ғайриқонунӣ биномад.
Рӯзи 15 январи соли ҷорӣ кормандони КДАМ ба коргоҳи хабаргузории 24.kg омаданд. Онҳо чанд соат коргоҳро кофтанд, санадҳо, дастгоҳҳои хабаргузорӣ ва телефонҳои шахсии кормандонро бо худ бурданд. Мудири кул Асел Оторбоева, сармуҳаррирон Антон Лимар ва Маҳинур Ниёзоваро ба бозпурсӣ бурданд.
Дар КДАМ гуфтанд, кофтукоб дар коргоҳи 24.kg дар доираи парвандаи "Тарғиби ҷанг" сурат гирифтааст. Асел Оторбоева ва Маҳинур Ниёзова рӯзи 17 январ дубора ба бозпурсӣ даъват шуда буданд.